
ҲУНАРНАМОИИ БО МУВАФАҚҚИЯТИ МУҲАММАДҶОН ДАР VIENNA OPEN CHAMPIONSHIP!
17.05.2026
Имрӯз варзишгари ҷавони мо Муҳаммадҷон Азимов дар мусобиқаи Қаҳрамонии Кушоди Вена (Vienna Open Championship) дар байни наврасони то 18 сола U18, дар вазни то 69 кг ба дастоварди бузург ноил гардид. Ӯ ҳамаи чор рақиби худ бо бартарии комил пирӯзӣ ба даст оварда, сазовори ҷойи якум гардид.
Бо ин пирӯзии назаррас Муҳаммадҷон ҳамчунин қаҳрамони шаҳри Вена дар вазни худ шуд. Ин муваффақият натиҷаи тартибу интизом, заҳмати зиёд ва истеъдоди баланди варзишии ӯ мебошад.
Анҷумани фарҳангии Тоҷикистон ва Утриш Муҳаммадҷон Азимовро бо ин дастоварди арзишманд самимона табрик гуфта, ба ӯ нерӯи бештар, рӯҳияи қавӣ ва пирӯзиҳои нав ба нави варзиширо орзӯ менамояд!
Мо аз ҷавонони боистеъдоди худ ифтихор дорем!