Ozmuni_surudi_milli

"ТАРАННУМИ ВАТАН" - ОЗМУНИ СУРУДИ МИЛЛӢ БАРОИ КӮДАКОНУ НАВРАСОН

Ба ифтихори Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Анҷумани фарҳангии Тоҷикистон ва Утриш озмуни «Тараннуми Ватан»-ро эълон менамояд.

Дар озмун кӯдакону наврасони то 15-сола, новобаста метавонанд иштирок намоянд.

Ҳадафи озмун арҷгузорӣ ба Истиқлоли давлатӣ, эҳтиром ба рамзҳои давлатии Тоҷикистон, тарғиби Суруди миллӣ ва таҳкими ҳисси ватандӯстиву худшиносии миллӣ дар миёни насли навраси муқими Утриш мебошад.

Шарти асосии озмун хеле содда аст: иштирокчӣ бояд Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз худ намуда, сабти видеоии иҷрои Суруди миллиро ба Анҷумани фарҳангии Тоҷикистон ва Утриш ирсол намоянд.

Бо фиристодани видео фарзанди Шумо ба таври худкор иштирокчии озмуни «Тараннуми Ватан» мегардад.

🎁 Ҳар як иштирокчии озмун бо туҳфаи арзанда ва хотирмон қадрдонӣ хоҳад шуд.
Ғолибони озмун бо туҳфаҳои махсус ва хотирмон сарфароз гардонида мешаванд.

📅 Муҳлати қабули видеоҳо: то 8 сентябри соли 2026

📱 Видеоҳои худро ба ин WhatsApp ирсол намоед:
+43 665 658 3000

🇹🇯 «Тараннуми Ватан» — бигзор садои Суруди миллӣ аз забони фарзандони Тоҷикистон дар ҳар гӯшаи ҷаҳон танинандоз бошад!