
СУХАНРОНИИ ОЗАР ЮСУПОВ БА ИФТИХОРИ ҶАШНИ НАВРӮЗ
дар Анҷумани фарҳангии Тоҷикистон ва Утриш, дар шаҳри Вена
21.03.2026
Бонувон ва ҷанобони муҳтарам
падарон ва модарони гиромӣ, дӯстони азиз ва меҳмонони муҳтарам,
Аз самими қалб хушҳолам, ки имрӯз дар миёни шумо ҳастам ва якҷо ҷашни Наврӯз — Соли нави форсиро таҷлил мекунем.
Мутаассифона, Наврӯз имсол ба замоне рост омадааст, ки дар бисёре аз гӯшаву канори ҷаҳон нооромӣ, низоъ ва нигаронӣ ҳукмфармост. Мо ҳар рӯз аз тариқи ахбор дар бораи танишҳо ва вазъиятҳои душвор мешунавем, ки ба зиндагии одамони зиёд таъсир мерасонанд.
Маҳз дар чунин шароит паёми Наврӯз аҳамияти боз ҳам амиқтар касб мекунад.
Зеро Наврӯз беш аз се ҳазор сол аст, ки рамзи оғози нав, умед, эҳё ва нерӯи ҳаёт мебошад. Ин ҷашн ба мо меомӯзонад, ки ҳатто пас аз ториктарин рӯзҳо низ нур дубора тулӯъ мекунад.
Шояд маҳз имрӯз он лаҳзаест, ки мо бештар аз ҳар вақти дигар ба ин паём ниёз дорем.
Наврӯз таърихи бисёр қадима дорад. Беш аз се ҳазор сол аст, ки мардум дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон оғози баҳорро ҷашн мегиранд.
Калимаи «Наврӯз» маънои «рӯзи нав»-ро дорад. Ин рӯзи нав дар ҳамон лаҳзае оғоз мешавад, ки рӯзу шаб баробар мегарданд ва фасли баҳор фаро мерасад.
Бо омадани баҳор табиат низ дубора зинда мешавад. Пас аз моҳҳои тӯлонӣ ва торики зимистон рӯзҳо равшантару гармтар мегарданд. Дарахтон баргҳои нав мепӯшанд, гулҳо мешукуфанд ва нишонаҳои ҳаёти нав дар ҳар сӯ падидор мешаванд.
Табиат ба мо як ҳақиқати оддӣ, вале бузургеро ёдрас мекунад:
Ҳеҷ зимистоне абадӣ нест.
Ҳеҷ торикӣ ҷовидон намемонад.
Ва нур ҳамеша бозмегардад.
Вақте мо дар бораи Наврӯз меандешем, на танҳо баҳори табиатро дар назар дорем. Балки, ҳамчунин дар бораи оғози нав барои инсонҳо фикр мекунем, дар бораи умед, ҳамбастагӣ ва ояндаи беҳтар.
Яке аз вижагиҳои нодири Наврӯз он аст, ки ба ягон дин вобаста нест, балки эҳёи табиатро ҷашн мегирад. Ин ҷашнест, ки одамон аз кишварҳо, фарҳангҳо ва эътиқодҳои гуногун метавонанд онро якҷо таҷлил намоянд.
Наврӯз ҷашни табиат ва қалб аст, берун аз доираи дин, аммо саршор аз фарҳанг ва мӯъҷизаи табиат.
Дар ҷаҳони мо фарқиятҳо зиёданд. Одамон ба забонҳои гуногун сухан мегӯянд, аз фарҳангҳои мухталифанд ва суннатҳои гуногун доранд.
Аммо агар амиқтар назар кунем, як ҳақиқати зеборо дармеёбем:
Дар қалби ҳамаи мо орзуҳои мушобеҳ ҷой доранд.
Мо сулҳ мехоҳем.
Амнияти хонаводаҳои худ орзӯ ҳар яки мост.
Мо сиҳатӣ ва хушбахтиро орзумандем.
Ва барои фарзандонамон ояндаи нек мехоҳем.
Ҷашнҳое чун Наврӯз ба мо нишон медиҳанд, ки бо вуҷуди ҳамаи фарқиятҳо, мо бо ҳам пайвандем.
Вақте одамон гирд меоянд, якҷо ҷашн мегиранд, бо ҳам суҳбат мекунанд ва механданд, арзише ба вуҷуд меояд, ки бисёр гаронбаҳост, яъне дарк.
Аз дарк эътимод зода мешавад.
Ва аз эътимод сулҳ падид меояд.
Дар Аврупо низ ҷашни баҳорӣ бо маънои монанд вуҷуд дорад — Пасха. Дар он ҷо низ баҳор рамзи ҳаёти нав, умед ва оғози тоза мебошад.
Ин нишон медиҳад, ки паёми баҳор дар тамоми ҷаҳон фаҳмо ва муштарак аст. Табиати зинда ҳамаи моро, новобаста аз аслу насаб, фарҳанг ва эътиқод, ба ҳам мепайвандад.
Ҳамзамон мо мехоҳем сипосгузории худро баён намоем.
Мо шукргузорем, ки дар Утриш ва дар Аврупо дар фазои сулҳ, озодӣ ва амният зиндагӣ мекунем.
Бисёре аз мо дар ин ҷо ватани нав ёфтем. Хонаводаҳои мо метавонанд якҷо зиндагӣ кунанд, фарзандонамон ба мактаб раванд ва мо бо умед ба оянда назар кунем.
Сулҳ ва амният чизҳои худ аз худ дода нестанд, онҳо неъмати гаронбаҳоанд.
Мутаассифона, дар ҷаҳон одамони зиёде аз ин неъмат маҳруманд. Аз ин рӯ, мо аз самими дил орзу дорем, ки рӯзе ҳамаи кишварҳо ва ҳамаи хонаводаҳо дар сулҳ ва бидуни тарс зиндагӣ кунанд.
Кӯдакон дар тамоми ҷаҳон дар муҳите ба воя расанд, ки пур аз умед, эҳтиром ва инсонгароӣ бошад.
Агар ҳар яки мо дар қалби худ шуълае аз меҳрубонӣ, инсондӯстӣ ва эҳтиром дошта бошем, он гоҳ ҳамин шуълаҳои хурд метавонанд якҷо ҷаҳони равшантареро бисозанд.
Имрӯз мо на танҳо оғози соли навро ҷашн мегирем.
Мо ҳаётро ҷашн мегирем.
Мо умедро ҷашн мегирем.
Ва мо нерӯи ҳамдилиро ҷашн мегирем.
Бинобар ин, имрӯз, дар ин рӯзи вижа, орзӯмандем, ки:
сулҳ бар низоъ пирӯз гардад,
дарк аз бадгумонӣ болотар бошад,
ва муҳаббат бар нафрат пирӯз ояд.
Ба ҳамаи шумо аз самими қалб соли нави пур аз сиҳатӣ, сулҳ ва шодмонӣ орзӯ менамоям.
Наврӯз муборак!
Соли нави пурфайзу баракате дошта бошед!
Ташаккур барои таваҷҷуҳатон.