Pamir_vs_Qarabakh.01

ШОМИ ФУТБОЛУ ДӮСТӢ

19.04.2026

Дирӯз дар доираи бозиҳои даври 17-уми лигаи 4-уми футболи хурди шаҳри Вена, рақобати варзишӣ миёни дастаҳои “Pamir Dushanbe” ва “Qarabakh” баргузор гардид. Аз номи дастаҳо маълум, “Помир” аз тоҷиктаборон ва “Қаробоғ” аз озариҳост. Бо вуҷуди он ки ин бозӣ бозии даврии лигаи 4-ум буд, он дар фазои дӯстона ва бар пояи эҳтироми мутақобил ҷараён гирифт.

Аз нигоҳи техникӣ ва тактикӣ, бозӣ дорои сатҳи баланди рақобатро дошт. Ҳар ду даста кӯшиш намуданд, ки бартарии бозиро ба даст гиранд, аммо дар маҷмӯъ, ҳамоҳангии беҳтар ва истифодаи самараноки имкониятҳо аз ҷониби дастаи “Pamir Dushanbe” боис гардид, ки онҳо бо ҳисоби 10 бар 5 пирӯзӣ ба даст оранд.

Яке дигар аз ҷанбаҳои муҳими ин бозӣ дар он буд, ки ҳар ду даста якдигарро на танҳо рақиб, балки дӯст ҳам мешуморанд. Аз ин рӯ рақобати ду даста аз кишварҳои пасошуравӣ дар фазои варзишии шаҳри Вена ҳамчун намунае аз ҳамзистии фарҳангӣ ва иҷтимоии ҷомеаҳои муҳоҷир арзёбӣ гардид. Ин ҳолат нишондиҳандаи он аст, ки варзиш метавонад ҳамчун абзори муассири ҳамгироӣ ва таҳкими робитаҳои байнифарҳангӣ ва дӯстонаи миллатҳо хизмат намояд.

Дар анҷоми бозӣ, новобаста аз натиҷаи ниҳоӣ, фазои эҳтиром ва ҳамдигарфаҳмӣ ҳифз гардид. Бозигарон ва мухлисони дастаи “Pamir Dushanbe” дастаи “Qarabakh”-ро бо кафкубӣ гусел намуданд, ки ин амал таҷассумгари арзишҳои бунёдии варзиш, эҳтиром, адолат ва ҳамбастагӣ мебошад.

Дар маҷмӯъ, чунин рақобатҳо на танҳо аҳамияти варзишӣ доранд, балки ҳамчун падидаи иҷтимоӣ низ қобили таваҷҷуҳ буда, дар таҳкими ҳамгироии ҷомеаҳо ва густариши муколамаи фарҳангҳо нақши муҳим мебозанд.

Ин ҷо бори дигар аз дӯстони озариямон барои бозӣ ва муносибати дӯстонаашон ташаккурӣ мекунем!