
«ШОҲНОМА» ДАР ФАРОНСА БО ПАЙКОРИ ФИРДАВСИЁНАИ ХОВАРШИНОС ЖУЛ МОЛ
Дар панҷсад соли пеш фаронсавиёнро осори Саъдии Шероз («Бӯстон» ва «Гулистон») роҳнамуни ҷаҳони пурғановати маънавии шарқи исломӣ намуд, балки ваҳму пиндори ононро, ки шарқиён барбаранду бетамаддуну торикботин... ба кулл дигаргун сохт ва ниҳоят ин миллати он замон пешоҳанги Ғарб сари иродату ихлос фурӯд овард, ки афкору андешаи баланди башардӯстона ва оламсоз он гуна дар гулистони маънии форсигӯён бикру паямбарона сабт ёфтааст, ки ҷаҳон назирашро надорад. Аз он замон фаронсавиён ва дар пайравӣ бо онон дигар ақвоми Аврупо (олмонию инглису ҳолландию урусу маҷор ва ғ.) мураттаб ба Аттори Нишопурӣ, Мавлоно, Саъдӣ ва Ҳофиз рӯ меоварданд, аз нигоштаҳои гавҳаринашон таматтуъ мебардоштанд. Аммо, дар ин миён, Фирдавсии ҳаким – шоҳкорофару сухантирози беназири ҷаҳони адаб, бо ин ҳама дурдонаҳои донишу андешаву ҳикмат то нимаҳои қарни 19 тақрибан ношинохта буд ва дар фазои маънавии Фаранг гӯшанишинеро мемонд дар гӯшаи фаромушшудаи фарангиён. Агарчи Фирдавсии ҳаким гоҳе ҳам ёд мешуд, аммо на чун устоди сухани нобу бадеъ, на ҳамчун меъмори ҷаҳони ормонии инсонҳо ва на чун бузургтарин меҳрофар ба ҷаҳониёни некварзу ишқойин, ки дар посдошту пешрафту пояндагии кишвари хеш молу ҷон фидо мекунанд, барои муҳаббати хонаводагӣ аз зулмати зиндону чӯби маҳиби дор ҳам намегарданд, дар раҳи ҳунару донишу хираду ройи пок кору ибтикори беназир мебинмоёнанд, душмани беамони фасоду фаҳшою ғасбу ғоратҳои ваҳшиёнаанду тараннумгари ободию осудагии олам ва намоди меҳру маҳаббати одамонанд. Чунончи Жан Шорден нахустин эроншиноси фаронсвӣ буд, ки ба «Шоҳнома» ишора кард, аммо ӯ Фирдавсиро сирфан як таърихнигор медонист ва аз арзиши адабии ин асари ҳамосии ӯ ғофил буд. Ин равиши маҳдуд бар чанд пажӯҳишгари баъдӣ низ таъсир гузошт. Дар соли 1788 ва авҷи инқилоби Фаронса ховаршинос Луи Лонглес, бо интишори гузидае аз «Шоҳнома» ҳамроҳи таҳлиле ситоишомез Фирдавсиро ҳамтирози Саъдӣ муаррифӣ кард. Ӯ медонист, тарҷумааш норасоиҳои зиёде дорад, аммо бо ҳамон дониши маҳдудаш аз забони форсӣ, бар арзиши адабии «Шоҳнома» таъкид дошт ва орзу кард, рӯзе касе «Шоҳнома»-ро ба таври комил тарҷума кунад...
То он замон осори Саъдӣ, Ҳофиз ва Мавлоно ба дафаъот ба забонҳои аврупоӣ тарҷума шуда, манбаъи илҳоми шоирони романтик, монанди Виктор Ҳугу қарор гирифта буд, аммо «Шоҳнома» ҳанӯз ба таври комил ба ҳич забони аврупоӣ баргардонда нашуда буд ва камтар мавриди тааваҷҷуҳ қарор мегирифт.
ИСТИҚБОЛИ «ШОҲНОМА» ДАР БОРГОҲИ ШОҲИИ ФАРОНСАВИЁН; ЖУЛ МОЛ – МУАРРИФИ ФИРДВСИИ ТӮСӢ
Фирдавсӣ, бо эътирофи соҳибназарон, осмони адаби оламро хуршедест бо фурӯғи ҷовидон ва аз партави пурэъҷозаш садҳо ахтарони адаби ҷаҳон нуру сафо гирифтаанду хоҳанд гирифт. Ҳамин шаҳомати файёзи Ҳакими Тӯс ба боргоҳи шоҳии Фаронсаи он замон дар ҷаҳони донишу фарҳанг басо пешрафта сояи ҳумоӣ афканд, ки соли 1826 давлати Фаронса расман қарор қабул кард, ки «Шоҳнома» ба таври комил ба фаронсавӣ баргардон ва ба чоп расад. Жул Мол маҳз ба фармони подшоҳи Фаронса масъулият пайдо мекунад, ки «Шоҳнома» ро аз забони форсӣ ба фаронсавӣ тарчума кунад. Аз он ҷо ки то он замон нусхаи мунсаҷиме аз ин китоб вуҷуд надошт, Жул Мол даст ба таҳсҳеҳи «Шоҳнома» мезанад. Ва ӯ бо иштиёқи тамом ду солро дар Ландан гузаронд ва ба муқобалаи нусхаҳои мутаъаддиди «Шоҳнома» дар китобхонаҳои умумӣ ва хусусӣ шуруъ кард. Пас аз ҷамъоварии маводди таҳқиқӣ дар Ландан ва Порис ва чанд бойгонии муътабари Аврупо ба танзиму тадвини онҳо машғул шуд.
Мол тайи 5 соли пажӯҳиш дар бораи Фирдавсӣ ва «Шоҳнома», 35 нусхаи хаттии «Шоҳнома»-ро дар Порису Ландан баррасӣ кард. Ӯ ба баррасии нусхаҳои дастнависи мутаъаддиди «Шоҳнома» пардохт ва ҳамчунин соири маснавиҳои ҳамосии форсиро низ мутолиа намуд. Аммо ин танҳо шуруъи роҳи чандинсола буд. Жул Мол беш аз чиҳил сол аз зиндагии худро ба мутолиа ва тарҷумаи «Шоҳнома» бахшид ва ба муҳиммтарин дастоварде дар ин замина ноил гашт. Тарҷумаи фаронсавии «Шоҳнома»-и Мол дар қолиби 7 ҷилд, байни солҳои 1838 то 1878 мунташир шуд ва он нахустин баргардони комил ва илмии «Шоҳнома» ба як забони аврупоӣ буд.
НАЗАРЕ БА ЗИНДАГИИ ЖУЛ МОЛ
Жул Мол 25 октабри соли 1800 дар шаҳри Шутгарди Олмон, дар хонаводаи ашрофи олмонии проттестон ба дунё омад ва ҷавонияш дар шаҳри Гутебург гузашт. Се бародараш дар ҷабҳаи сиёсат буданд, аммо бар хилофи онҳо ӯ ба илоҳиёт рӯй овард ва дар донишгоҳи шаҳри Тубинген (Олмон) доктори фалсафа шуд. Аммо иҷозаи таҳқиқи хориҷ аз Олмонро дошт. Падараш ӯву бародаронашро ба таҳсил дар Фаронсаву Инглистон ташвиқ мекард; бар ин бино Жул дар соли 1824 ба Порис рафт ва дар донишкадаи забонҳои шарқӣ, зери назари профессор А. И. Силвестре де Саси ва ховаршинос Абел Рамузо форсӣ омӯхт.
Ӯ ба унвони омӯзгори забони форсӣ дар коллеҷи де Фаронс ба кор пардохт ва дар оғози даҳаи чаҳоруми қарни 19 ба дабирӣ ва сипас ба раёсати Анҷумани осиёии Порис мансуб шуд ва соли 1844 ба узвияти Фарҳангистони Катибашиносии Фаронса даромад; дар тамоми ин солҳо бо тамоми ҳиммату ҷиддият ба интишори ҷилдҳои тарҷумаи «Шоҳнома» идома дод, аммо дар ҷараёни ҷанги Фаронсву Прусс (1871) ба далели табори олмонӣ аз сӯи иддае аз фаронсавиҳо мавриди ҳамла қарор гирифт ва бахше аз навиштаҳои ҷилди ҳафтуми «Шоҳнома» нобуд шуд. Мол ночор шуд бо ҳамсараш ба Ландан бигрезад. Чаҳор сол баъд ба Порис бозгашт ва ба кор идома дод, аммо дар сентябри 1875 даргузшт ва шогирдаш Борибие де Мар тарҷумаи боқимондаи «Шоҳнома»-ро такмил ва дар 1878 мунташир кард.
ЧИҲИЛ СОЛ БО «ШОҲНОМА». ВИЖАГИҲОИ ТАРҶУМАИ ЖУЛ МОЛ
Жул Мол дар тарҷумаи худ талош кард, то вафодорӣ ба матни аслиро ҳифз кунад ва аз таҳриф ё содасозии беш аз ҳадд иҷтиноб намояд. Ҳамчунин дар канори тарҷума ёддоштҳои муфассале дар бораи ҷанбаҳои таърихӣ, устураӣ ва адабии «Шоҳнома» навишт, ки ба дарки беҳтари матн кумак мекард.
Асари Жул Мол то пеш аз таҳқиқоти ҷадидтари қарни бистум муҳиммтарин марҷаъ дар бораи «Шоҳнома» ва Фирдавсӣ ба шумор мерафт. Дар муқаддимаи ин китоб – «Таърихчаи «Шоҳнома» ва аҳаммийяти он дар адабиёти ҷаҳон» (дар ҷилди аввали тарҷума) Жул Мол шарҳи ҳоли Фирдавсӣ, чигунагии тадвини «Шоҳнома», арзиши ҳамосӣ, ҳунарӣ ва таърихии он ва равиши таҳқиқи худро баён мекунад, ки бо диққату иштиёқи фаровон ӯ нусхаҳои сершумори хаттии «Шоҳнома»-ро дар китобхонаҳои Порис ва Ландан муқобалаву баррасӣ карда ва муҷиддона кӯшид, то тарҷумаи дақиқу комил пешкаш кунад.
Жул Мол дар ҳамин муқаддима ба аҳаммийяти «Шоҳнома» ба унвони яке аз бузургтарин манзумаи ҳамосии ҷаҳон ишора мекунад ва онро дар радифи осори ҳамосии бузурге монаанди «Илиада» ва «Одессия»-и Юнон, «Маҳобҳарото» ва «Ромоёно»-и Ҳинд ва «Небилунгҳо»-и қуруни вусто қарор медиҳад. Ин муқаддима нахустин таҳқиқи амиқ аст, ки ба забони фаронса дар бораи «Шоҳнома» ва арзиши ҳамосию ҳунарию таърихӣ ва шеваи нигоришу тадвини он, маъхази катбию шифоҳии Фирдавсӣ ва амонатдории ӯ дар нақли ривоёт анҷом шуда бад-ин тартиб мавриди истифодаи дигар ховаршиносон қарор гирифтааст. Ва тарҷумаи Жул Мол ба далели диққат ва комил будан ҳанӯз ҳам яке аз муътамадтарин манобеъ барои мутолиаи «Шоҳнома» аст. Ин муқаддима дар Эрон (аз сӯйи Ҷаҳонгири Афкорӣ) ба форсӣ тарҷума шуда ва дар соли 1345 ба чоп расид, ки дар чопҳои мухталиф мунташир шудааст.
ЧИРО КОРИ МОЛ АҲАММИЯТ ДОШТ?
То қабл аз ошноӣ бо «Шоҳнома» манзумаҳои ҳамосии шинохташуда дар Ғарб осори Ҳомер («Илиада» ва «Одессия») ва қаҳрамонҳои қавмии қавми ҷерману англосаксонҳо ё вийкингҳо буданд, ки осори ишоракунанда ба онҳо иртиботу пайвастагӣ бо сарзамину иқлими кишварҳои худ (Олмон ё Инглистон ва кишварҳои искандиновиёӣ)-ро он тавр ки дар «Шоҳнома» пайванди амиқ бо мавҷудияти ҷуғрофиёӣ ва иқлимии Эрон дорад, надоштанд. Ва низ ин достонҳо аз печидагӣ ва лояҳои асотирию ҳамосӣ ва ривоятию достоние, ки дар «Шоҳнома» мебинем, орӣ буданд.
Ба ин хотир баргардони Жул Мол тавонист даричаеро ба шинохти ҳамосаи Эрон дар Ғарб бикшояд. Аммо бо вуҷуди диққату талоши фаровон, заҳамоти Жул Мол натавонист ба таври комил зебоиҳои адабию зарофатҳои забонии «Шоҳнома»-ро бозтоб кунад. Ин масъала то ҳадде ба моҳияти печидаи забони форсӣ ва тафовутҳои забонию фарҳангӣ байни форсию фаронсавӣ марбут мебошад. Бо ин ҳол, кори ӯ ҳамчун ибтикори таърихие дар мутолиоти шоҳномашиносӣ дар Ғарб боқӣ монд.
Тарҷумаи Жул Мол комилтарин ва дақиқтарин тарҷумаи «Шоҳнома» ба як забони хориҷӣ ба шумор меояд ва он асоси кори ағлаби шарқшиносон будааст, ки ба пажӯҳиш дар бораи «Шоҳнома» даст задаанд. Ва Фритз Волф (Fritz Wolff), ки муддати сӣ сол ба таълифи Фарҳанги «Шоҳнома» пардохт, низ кори худро бар тарҷумаи Жул Мол аз «Шоҳнома» мубтанӣ кардааст. Иёҳан Флоренс низ, ки бахше аз «Шоҳнома»-ро ба сурати ниматамом тасҳеҳ ва дар се ҷилд дар Берлин ба чоп расонид.
Ҷойи таҳсину ифтихори бузург аст, ки Жул Мол дар роҳи тарҷумаи «Шоҳнома» чиҳил сол ранҷ бурд. Пас аз даргузашти ӯ (соли 1876) ба нашри охирин ҷилди «Шоҳнома» Барбие де Мейнар, устод забону адабиёти форсӣ дар донишкадаи забонҳои шарқӣ ҷилди ҳафтумро ба сабки муҷалладоти пешин дар соли 1878 мунтшир намуд. Бад-ин сон Фирдавсӣ аз қаламрави маҳдуди адабиёти Эронзамин фаротар рафт ва ба паҳнаи адабиёти ҷаҳон пайваст...
ФИРДАВСӢ ДАР АДАБИЁТИ ФАРОНСА
Суханвари бузурги моро, ки аврупоиён Ҳомери Эрон, падари шеъри форсӣ зиндакуннадаи фарҳангу забони Эронзамин, ҳунарманди баландпоя, сарояндаи суруди озодӣ ва яке аз бузургтарин шоирони ҷаҳон номидаанд. дер гоҳест, дар адабиёти Фаронса соя густурдаст. Зеро ҳанӯз садаи 11 поён наёфта буд, ки бархе аз достонҳои «Шоҳнома»-аш аз марзҳои Эрон гузашта ва равонаи сарзаминҳои дурдаст гардид.
Нахустин эроншиноси фаронсавие, ки дар осори худ аз Фирдавсӣ ва «Шоҳнома» ёд карда, Шордени ҷаҳонгарди фаронсавӣ аст. Вале ӯ низ бо вуҷуди иттилооти васеъе, ки дар бораи Эрон, фарҳанг, забону адаби форсӣ дошт, Фирдавсиро хуб намешинохт. Ӯ Фирдвсиро таърихнвис ва воқеънигор мепиндошт ва аз арзиши ҳунарию ҳамосии «Шоҳнома» огоҳ набуд. Аз ин рӯ Дерблу, муаллифи «Фарҳанги ховарӣ» ва пас аз ӯ Оҳсен, нависандаи «Таърихи машриқзамин» Фирдавсиро муаррих дониста ва усулан таърихи саросари Осиёро аз рӯйи саргузашти диловарони «Шоҳнома» танзим карданд.
Нахустин адиб ва ховаршиноси фаронсавие, ки то ҳадде аз рӯйи таҳқиқ дар бораи Фирдавсӣ ва «Шоҳнома»-и ӯ сухан гуфт, Луи Лонглес буд. Вай дар соли 1788 хулосае аз «Шоҳнома»-ро ҳамроҳ бо муқддимаи бисёр ситоишомез дар бораи Фирдавсӣ ва зиндагии ӯ мунташир намуд ва ӯро ҳамолу ҳамонанди Саъдӣ донистааст. Лонглес ба шигифт меояд, ки чӣ гуна шоире чунин бузург дар миёни фаронсавиён ношинохта мондааст. Ӯ пас аз тарҷумаи бархе аз пандҳои Фирдавсӣ таассуф мехурд, ки чиро «Шоҳнома» ҳанӯз ба забони фаронсавӣ дароварда нашудааст ва орзу мекунад, ки саранаҷом касе бад-ин кор ҳиммат гуморад ва аз ин роҳ хидмате бузург ба дунёи шеъру адаб кунад.
Баъд аз Лонглес ховаршиноси дигаре аз аҳолии австрия ба номи Жак де Волленбург ба тарҷумаи «Шоҳнома» пардохт ваа чанд соли тамом авқоти фароғати худро бар сари ин кор гузошт ва ҳатто аз ҳамсари худ барои рӯнавис кардани тарҷумаҳо ёрӣ гирифт, вале бахт бо ӯ ёрӣ надошт ва дар соли 1806 дар синни 46-солагӣ марг ӯро даррубуд ва дар вопасин лаҳазот ба дӯсташ гуфт: «Дилам мехост, зинда мемондам... ва тарбияти фарзандонам ва Шоҳномаро тамом мекардам».
Гуфтанист, то ин замон «Шоҳнома» ҳанӯз ба ҳич забони аврупоӣ ба таври комил тарҷума нашуда буд ва ҳол он ки аз «Гулистон»-и Саъдӣ ва осори бархе аз шоирони бузурги Эронзамин гоҳ тарҷумаҳои мутаъаддиде дар даст буд. Аз ин рӯ Виктор Ҳуго ва пас аз ӯ дигар шоирони романтик аз Саъдӣ, Ҳофиз, Мавлоно ва Аттор илҳом мегирифтанд ва ба Фирдавсӣ камтар таваҷҷуҳ мекарданд.
Жул Мол бо ҳиммати мардона кори тарҷумаи «Шоҳнома»-ро пеш гирифт. Тарҷумаи ӯ ҳанӯз зеботарин ва шевотарин тарҷумаест, ки аз «Шоҳнома» ба забони фаронса вуҷуд дорад. Ба таъбире, тарҷумаи Жул Мол оғози муаррифии «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ба ҳамосапажӯҳону эроншиносони ҷаҳон гардид.
Жул Молро пас аз он давлати Фаронса (соли 1826) маъмури тарҷумаи «Шоҳнома» кард, ҳама авқоти фароғати худро бар сари ин кор гузошт. Нусхаҳои мутаъаддидеро баррасӣ ва муқобала кард ва барои ҳалли мушкилоти худ аз ҳар василае ёрӣ гирифт ва ҳатто аз соҳибназарони эронӣ дар бораи тафсири бархе аз ашъори Фирдавсӣ назар хост. То он ки дар соли 1838 ҷилди аввали «Шоҳнома»-ро ҳамроҳ бо муқаддимае бисёр муҳаққиқона ки ҳанӯз арзиши худро ҳифз кардааст, ба чоп расонид.
Бо ин тарҷумаи расову зебо мақолоти мутаъаддиде дар нақди ин асар дар нашриёти мухталиф мунташир гардид ки фаронсавиён Фирдавсиро беҳтар бишинохтанд ва бо «Шоҳнома» бештар ошно шуданд. Виктор Ҳуго дар соли 1859 дубора ба Фирдавсӣ рӯй овард вале ин бор ба ситоиши ӯ иктифо накард, балки дар сохтани «Афсонаи қарн», ки худ шоҳкори бузургест, аз Фирдавсӣ илҳом пазируфт. Ҳуго бо нубуғи шигифтангези худ ва бо ёрии «Шоҳнома» ва дигар осори ҳунарии кишварҳои бостонӣ шоҳкоре ҷовид падид овард ва ба ҷойи як миллат башариятро ба қаҳрамонӣ баргузид ва дар шоҳкори худ мужда дод, ки саранҷом равшанӣ бар торикӣ пирӯз хоҳад шуд. Акнун дигар Фирдавсиро ҳама нависандагону шоирони фаронсавӣ мешинохтанд ва аз ҷойгоҳи баланде, ки дар адабиёти ҷаҳон дошт, огоҳ буданд.
Адиби фаронсавинависи белгиягӣ, Морис Метерлинк низ бар асоси намунаи Рӯдоба, ҳамсари Золу модари Рустам, намоишномаи «Пелиас ва Мелисанд» (1892) падид овард ва онро барои авввалин бор соли 1895 ба намоиш гузошт ва ин асарро растохезе дар таърихи адабиёти Фаронса донистаанд. Он чӣ дар ин намоишнома таҳсини ҳамагонро барангехта буд, пардаҳои авввалу севум буд, ки аз гуфторҳои Фирдвсӣ дар «Шоҳнома» гирифта шудааст.
Пас аз Метерлинк Абел Боннар ба Фирдавсӣ рӯй овард ва ҳамосае зебо ва саросар лутфу сафо дар васфи подшоҳӣ ва ишқу зиндагӣ сохт ва онро «Шаҳриёри эронӣ» унвон гузошт. Бонор ба Фирдавсӣ ишқ меварзид ва ӯро саромади шоирони ҳамосасаро медонист. Дар соли 1934 ҳангоме ки давлати Фаронса барои бузургдошти Фирдавсӣ ҷашни ҳазораи ӯро барпо дошт, Бонор аз тарафи ҳамаи шоирони фаронсавӣ дар он ширкат нмуд ва дар суханронии зебову муфассали худ ситоиши Ҳомери Эронро аз сар гирифт. Суханронии ӯ, ки баъдҳо дар «Номаи ҳазораи Фирдавсӣ» ба чоп расид, зеботарин ва ситоишомезтарин мадҳияест, ки то кунун дар бораи Фирдавсӣ ба забони фаронсавӣ навишта шудааст.
Обид Шакурзода
01.02.2026