Pamir2026.1

«ПОМИР ДУШАНБЕ» ОМОДАГИАШРО БА МАВСИМИ НАВИ ФУТБОЛ ОҒОЗ КАРД

30.08.2026

Имрӯз, пас аз танаффуси ду моҳа, дастаи футболи «Помир Душанбе» омодагиҳои худро ба мавсими нави мусобиқа оғоз намуд. Мавсими дарпешистода барои дастаи мо аллакай сеюмин мавсими фаъолияти он дар футболи Утриш хоҳад буд.

Дар тӯли се соли фаъолият «Помир Душанбе» на танҳо таҷрибаи варзишии худро ғанӣ гардонидааст, балки ба як майдони муҳими дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамгироии ҷавонони тоҷиктабори муқими Утриш низ табдил ёфтааст. Дар тамрини нахустини мавсими нав 20 нафар ҷавонони тоҷиктабор иштирок карданд.

Фаъолияти «Помир Душанбе» танҳо ба футбол маҳдуд намешавад. Ҳар бозӣ ва ҳар тамрин барои ҷавонони тоҷик имкони шиносоӣ, дӯстӣ, мубодилаи таҷриба ва таҳкими робитаҳои байниҳамдигарӣ мебошад. Дар шароити зиндагӣ дар муҳоҷират чунин муҳит барои нигоҳ доштани робитаҳои иҷтимоӣ ва эҳсоси ҳамбастагии миллӣ аҳамияти махсус дорад.

Футбол, ҳамчун варзиши рақами яки ҷаҳон, ҳамзамон як василаи муассири муаррифии миллат ва фарҳанг мебошад. Ҳузури дастае бо номи «Помир Душанбе» дар майдонҳои футболи Утриш имконият медиҳад, ки номи Тоҷикистон, фарҳанг ва ҳувияти тоҷикӣ дар ҷомеаи Утриш ба таври мусбат муаррифӣ гардад.

Аз ҷониби дигар, чунин ташаббусҳо барои таҳкими робитаҳои диаспораи тоҷикон дар Утриш нақши муҳим доранд. Варзиш метавонад одамонро новобаста аз синну сол, минтақа ва маҳалли зист ба ҳам оварда, онҳоро дар атрофи як ҳадафи умумӣ муттаҳид созад. «Помир Душанбе» барои бисёре аз ҷавонон на танҳо дастаи футбол, балки як муҳити дӯстӣ, дастгирӣ ва ҳамкорӣ шудааст.

Идомаи чунин ташаббусҳо метавонад иштироки ҷавонони тоҷикро дар ҳаёти ҷамъиятии Утриш бештар намуда, барои ташаккули насли фаъол, масъулиятшинос ва муттаҳид заминаи мусоид фароҳам оварад. Зеро ҳифзи ҳувияти миллӣ танҳо бо сухан набуда он тавассути фарҳанг, варзиш, дӯстӣ, ҳамкорӣ ва иштироки фаъол дар корҳои ҷамъиятӣ низ амалӣ мешавад.

«Помир Душанбе» дар се соли фаъолияти худ нишон дод, ки футбол метавонад пули пайванд байни тоҷикон, миёни наслҳо ва миёни фарҳангҳо гардад.

Ба дастаи «Помир Душанбе» дар мавсими нави футбол бозии зебо, рӯҳияи баланд ва пирӯзиҳои пай дар пай орзу мекунем!