Ozar.bazmiMavlono.1

МАВЛОНО ВА ПАЁМИ ИШҚИ Ӯ БА ҶАҲОНИЁН!

Сӯханронии Озармеҳр Юсуфӣ дар маҳфили “Базми Мавлоно“ Дар шаҳри Вена

Ба номи Худованди ҷонафарин,

Ҳакими сӯхан дар забон офарин!...

Бо арзи эҳтиром ва дуруди фаровон бар шумо дӯстони азиз, меҳмонони гиромӣ, устодони арҷманд ва дӯстдорони шеъри баландмазмуни Мавлоно.

Ҷои хушнудист, ки имрӯз дар қалби Аврупо, дар шаҳри Вена, кишвари Утриш баргузоркунандагони ин маҳфили фарҳангиву маънавӣ — Анҷумани фарҳангии Тоҷикистон ва Утриш, Созмони фарҳангӣ, ҳамгироӣ ва варзишии Афғонистон (АКИС) Созмони байналмилалии диаспораҳо ва хонаҳои фарҳангии Эрону Афғонистон дар ҳамдастӣ чунин шоми гиромидошти Мавлонои бузургро фароҳам сохтаанд ва ин паёми маънавии Мавлоноро шиори маҳфил қарор додаанд:

«Мо барои васл кардан омадем,

На барои фасл кардан омадем.»

Ва имрӯз мо мебинем, ки маҳз чунин маҳфилҳо моро ба ҳам меоранд, дилҳоро ба ҳам наздик мекунанд, миёни инсонҳо пулҳои дӯстӣ месозанд ва барои ҳамдилӣ, ҳамбастагӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ саҳми арзанда мегузоранд.

Аз ин рӯ, баргузории чунин маҳфилҳо танҳо як ҷамъомади фарҳангӣ нест.

Инҳо лаҳзаҳое ҳастанд, ки мо якдигарро бештару беҳтар мешиносем, фарҳанги худро зинда нигоҳ медорем ва он паёми бузурги инсонгароёнаеро, ки бузургони мо ба мерос гузоштаанд, ба насли имрӯз муаррифӣ мекунем ва ба дигарон низ мерасонем.

Ва шояд беҳтарин эҳтиром ба Мавлоно ҳамин бошад: имрӯз, дар миёни миллатҳо ва фарҳангҳои гуногун, ба ҷойи сохтани деворҳо - пул бисозем; ба ҷойи дурӣ - наздикӣ офарем; ба ҷойи ихтилоф - ҳамдилӣ биёрем ва ба забони меҳру ишқ бо ҳам сухан гӯем.Барои ҳамаи ин заҳматҳо ва фароҳам сохтани чунин фазои гарму самимӣ ва барои ба ҳам овардани мо дар ин базми бошукӯҳи фарҳангиву маънавӣ, аз ҳамаи ташаббускорон ва баргузоркунандагони ин маҳфил аз самими қалб сипосгузорам.

Бигзор чунин маҳфилҳо ҳамеша чароғи дӯстӣ, ҳамдилӣ ва пайвандгарӣ миёни инсонҳо бошанд.

Мавлоно Ҷалолиддин Муҳаммади Балхӣ, ки бештар бо номи Румӣ низ дар ҷаҳони Ғарб маъруф аст, яке аз чеҳраҳои камназир ва барҷастаи илму маърифат, ориф ва шоири тавонои форсизабон аст, ки бо мероси гаронбаҳояш то имрӯз бар дили миллионҳо хонанда роҳ ёфта ва ҷаҳонро бо паёми ишқ, сулҳ, маърифат ва инсондӯстӣ мунаввар сохтааст.

Ӯ моҳи 30-уми сентябри соли 1207 мелодӣ дар шаҳри Балхи Хуросони Бузург ба дунё омадааст.

Дар синни 12-солагӣ, дар натиҷаи ҳамлаи Чингизхон ба сарзамини Хоразмшоҳиён ва таҳдиди хатар ба ҷонашон, маҷбур бо ҳамроҳии хонаводааш зодгоҳашро барои ҳамеша тарк кард ва баъд аз сафарҳои тӯлонӣ, гузаштан аз шаҳрҳои гуногун, ниҳоят ба шаҳри Қуния (Konya), Туркияи имрӯз, мерасанд, ки дар он замон пойтахти Салтанати Румиён буд, яъне қаламравҳое, ки пештар ба Империяи Румии Шарқӣ/Византия тааллуқ доштанд ва аз ин ҷост, ки ӯро Румӣ низ мегӯянд, чунки боқии умри худро маҳз дар ин сарзамин мегузаронад.

Мавлоно аз сарзамини Балх, аз қалби Шарқ бархост, аммо андешаи ӯ дар сарзамини Ғарб ба камолоти ҷаҳонӣ расид.

Мавлоно миёни Шарқу Ғарб пуле сохт — пуле аз муҳаббат, маърифат ва инсоният. Ӯ ба мо нишон дод, ки инсон пеш аз ҳама инсон аст ва муҳаббат метавонад марзҳои дин, миллат, забон ва фарҳангро убур кунад.

Шояд маҳз ҳамин аст сирри ҷаҳонишавии Мавлоно: ӯ аз як сарзамин буд, аммо паёми ӯ ба тамоми башарият тааллуқ дорад.

Мавлоно танҳо як шоир нест. Ӯ шоири ишқ аст, шоири маънӣ аст, шоири дарди инсон аст.

Ӯ дар китоби "Маснавии маънавӣ" инсонро ба ҷустуҷӯи ҳақиқат, маърифат ва камоли маънавӣ даъват мекунад; дар "Девони Шамс" бошад, бо забони оташини ишқ аз ошиқӣ, ҷудоӣ, васл ва парвози рӯҳ сухан мегӯяд.Дар осори ӯ инсон ҳамеша дар ҷустуҷӯст: ҷустуҷӯи худ, ҷустуҷӯи маънӣ, ҷустуҷӯи ишқ ва офаридгор.

Аз ин ҷост, ки ӯро дар таърихи фарҳанг ва тамаддуни ҷаҳонӣ ҳамчун «пайғамбари ишқ» эътироф кардаанд.

Осори гаронбаҳои ӯ, махсусан «Маснавии маънавӣ» ва «Девони Шамс», имрӯз ҳамчун мактаби бузурги маърифат, худшиносӣ ва Худошиносӣ арзиш доранд.

Ӯ ишқро нури ҳақиқӣ ва нерӯи муттаҳидкунандаи тамоми ҷаҳониён медонист.

Мероси Мавлоно саршор аз даъват ба сулҳ, инсондӯстӣ ва ваҳдати дилҳо мебошад. Ӯ таъкид мекард, ки танҳо ишқи ҳақиқӣ аст, ки инсонро ба худшиносӣ ва камол мерасонад.

Аз ин рӯ, мегӯяд: «Дар ин хок, дар ин хок, дар ин мазрааи пок,

Ба ҷуз меҳр, ба ҷуз ишқ, дигар тухм накорем...» Мавлоно дар амал тавонист тавассути шеъраш тухми меҳр ва ишқро дар дили миллионҳо дӯстдорони шеъру адаб бикорад ва то имрӯз аз ҳосили ин меваҳои тару тозаи маънавӣ ҷаҳониён баҳрабардорӣ мекунанд. Дар даҳсолаҳои охир ӯ ба яке аз машҳуртарин ва серхонандатарин шоирони классикии Шарқ дар ҷаҳони Ғарб табдил ёфтааст.

Барои далел, Рӯзномаи машҳури амрикоии «The New York Times» 27 марти соли 2026 мақолаеро дар бораи шоир ва мутарҷими амрикоӣ Коулман Баркс ба нашр расонид, ки ӯ дар шиносонидани ашъори Мавлоно ба хонандагони англисзабон нақши бисёр муҳим дошт.

Коулман Баркс инчунин китоберо таҳти унвони «The Essential Rumi» — «Румии баргузида» ба нашр расонида буд. Нашрҳо ва бозофаридаҳои Баркс аз ашъори Мавлоно беш аз як миллион нусха фурӯхта шудаанд, ки ин аз маҳбубияти хоси ӯ шаҳодат медиҳад.

Баркс ягона шоир ва донишманде набуд, ки ба таҳқиқи осори Мавлоно пардохта буд, як қатор дигар бузургони илму фарҳанг ва мутафаккирони

Ғарб низ ба ашъор ва андешаҳои Мавлоно таваҷҷуҳи зиёд доштанд.

Аз ҷумла, файласуфи бузурги олмонӣ Георг Вилҳелм Фридрих Ҳегел ба андешаҳои Мавлоно таваҷҷуҳи махсус дошт ва аз ӯ бо эҳтиром ёд мекард.Барои Ҳегел, андешаҳои Мавлоно дар бораи ягонагии ҳастӣ ва робитаи инсон бо ҳақиқати мутлақ дорои аҳамияти фалсафӣ буданд. Ӯ ҳатто аз Мавлоно ҳамчун «Румии олӣ» ёд кардааст.

Инчунин, шоири бузурги олмонӣ Иоганн Волфганг фон Гёте низ бо адабиёти форсӣ ва осори Мавлоно ошно буд. Шиносоии ӯ бо ашъори Мавлоно тавассути тарҷумаҳои аврупоӣ сурат гирифт ва ин ошноӣ нишон медиҳад, ки андешаи Мавлоно хеле пештар аз замони мо аз марзҳои Шарқ гузашта, ба муҳити адабии Аврупо ворид шуда буд.

Дар Амрико бошад, файласуф ва нависандаи маъруф Ралф Уолдо Эмерсон низ ба шеъри форсӣ ва андешаҳои Мавлоно таваҷҷуҳ дошт. Ӯ Мавлоно ва дигар устодони адабиёти форсиро ба хонандагони амрикоӣ муаррифӣ кард ва ҳамин тавр, як роҳи муҳиме барои ворид шудани андешаи Мавлоно ба фарҳанги Амрико боз шуд.

Дар асри ХХ донишманди бузурги англис Рейнолд Николсон яке аз муҳимтарин шахсоне гардид, ки осори Мавлоноро ба таври илмӣ ба ҷаҳони англисзабон муаррифӣ кард. Тарҷума ва таҳқиқоти ӯ дар бораи «Маснавии маънавӣ» барои шинохти илмии Мавлоно дар Ғарб аҳамияти бисёр бузург дошт.

Аммо дар байни донишмандони Ғарб номи Аннемари Шиммел ҷойгоҳи махсус дорад. Ӯ солҳои зиёд ба таҳқиқи Мавлоно, тасаввуф ва фарҳанги исломӣ машғул шуд. Дар китоби машҳури худ «Офтоби пирӯзманд»

Мавлоноро на танҳо ҳамчун шоир, балки ҳамчун як орифи бузург ва андешаманди амиқ муаррифӣ мекунад. Барои Шиммел, ҷаҳони Мавлоно ҷаҳони ишқ, рӯҳ, Худо ва дигаргуншавии ботинии инсон аст.

Ҳамин таваҷҷуҳи донишмандон ва бузургони Ғарб нишон медиҳад, ки паёми Мавлоно танҳо ба як миллат ё як фарҳанг маҳдуд намешавад — ӯ ба тамоми инсонҳо тааллуқ дорад.

Ин маҳбубияти Мавлоно дар миёни хонандагон аз худи ӯ маншаъ мегирад.

Ӯ дар Дафтари дуюми «Маснавии маънавӣ» муҳаббатро ҳамчун неруи бузурги дигаргунсоз тасвир мекунад:

«Аз муҳаббат талхҳо ширин шавад,

Аз муҳаббат мисҳо заррин шавад,

Аз муҳаббат дурдҳо софӣ шавад,

Аз муҳаббат дардҳо шофӣ шавад...»Ишқ ҳамеша меҳвари паёми Мавлоно будааст. Ӯ розҳои бузурги ҳастиро бо забони ишқ баён мекард:

"Ҳар киро ҷома зи ишқе чок шуд,

Ӯ зи ҳирсу айб куллӣ пок шуд.

Шод бош, эй ишқи хушсавдои мо,

Эй табиби ҷумла иллатҳои мо..."

Мавлоно ин ҷаҳонро мисли як дарахт ва мо инсонҳоро чун меваҳои ин дарахт тасвир кардааст:

Ин ҷаҳон ҳамчу дарахт аст, эй киром,

Мо бар ӯ чун меваҳои нимхом.

Сахт гирад хомҳо мар шохро,

З-он ки дар хомӣ нашояд кохро.

Чун бипухт ва гашт ширин, лабгазон,

Суст гирад шохҳоро баъд аз он...

Сахтгирӣ ва таассуб хомӣ аст,

То ҷанинӣ, кор хуношомӣ аст.

Мо ҳама дар зиндагӣ баъзан мисли меваҳои нопухтаем. Бисёр чизҳоро хеле ҷиддӣ ва сахт мегирем: як сухан моро меранҷонад, як нокомӣ моро мешиканад, як ҷудоӣ диламонро ба дард меорад ва баъзан барои чизҳое мубориза мебарем, ки баъдтар мефаҳмем, аслан арзиши он қадар ранҷро надоштаанд.

Аммо зиндагӣ устоди бузургест. Он моро аз роҳҳои ҳамвору ноҳамвор мегузаронад; гоҳе ба мо шодӣ медиҳад, гоҳе дард, гоҳе пирӯзӣ ва гоҳе шикаст. Ва ҳар захме, ки аз он дарс мегирем, ҳар иштибоҳе, ки моро оқилтар мекунад, моро як қадам ба сӯи пухтагӣ мебарад.

Меваи хом ба шох сахт мечаспад, аммо меваи пухта нарм мешавад. Инсон ҳам ҳамин гуна аст: то вақте хомем, ба одамон, ба мол, ба мақом, баандешаҳо ва боварҳои худ ва ҳатто ба ранҷишҳои худ сахт мечаспем. Аммо вақте зиндагӣ моро мепазонад, меомӯзем, ки баъзе чизҳоро бояд раҳо кард.

Он гоҳ зиндагӣ дигар барои мо майдони ҷанг нест — ба як роҳи фаҳмидан, дӯст доштан ва дӯстӣ кардан табдил меёбад.

Шояд камолоти инсон ҳамин бошад: аз зиндагӣ на он чизеро, ки аз даст додаем, балки он дарсеро, ки аз он омӯхтаем, бо худ бигирем.

Ҷои дигар Мавлоно мефармояд:

"Чӣ наздик аст ҷони ту ба ҷонам,

Ки ҳар чизе, ки андешӣ, бидонам...

Мавлоно инҷо гӯё ба мо мегӯяд: вақте миёни ду дил муҳаббати ҳақиқӣ вуҷуд дорад, фосилаҳои беруна дигар аҳамияти худро гум мекунанд. Ҷонҳо

ба ҳам наздик мешаванд ва инсон ғаму шодии дигареро ҳамчун ғаму шодии худ эҳсос мекунад.

Имрӯз, дар замоне ки шабакаҳои иҷтимоӣ қариб ҳар лаҳза моро ба сӯи худ мехонанд, ин паёми Мавлоно аз ҳарвақта муҳимтар садо медиҳад:

"Туро ҳар кас ба сӯи хеш хонад,

Туро ман ҷуз ба сӯи ту нахонам..."

Мавлоно бо ин суханон моро ба як ҳақиқати бисёр амиқ даъват мекунад: ба сӯи худ баргардем ва худро бишносем.

Мавлоно ба инсон мегӯяд: ҳар кас метавонад туро ба сӯи худ, ба сӯи хоҳишҳои худ ва ба сӯи ҷаҳони худ бихонад, аммо ман туро ба сӯи худи ту мехонам, ба сӯи он ҷаҳоне, ки дар вуҷуди ту нуҳуфтааст.

Зеро аз дидгоҳи ӯ даруни инсон худ як ҷаҳон аст; ҷаҳоне пур аз ишқ, нур, маърифат ва асрори ҳастӣ.

Ба даруни худ назар кун!

Худро бишнос, то ҷаҳонро бишносӣ ва Худоро бишиносӣ, ба умқи худ бирас, то ба ҳақиқат наздик шавӣ.Мавлоно бар ин бовар буд, ки ҳар як фард дар ҷомеа метавонад барои расидан ба ваҳдат ва ҳамдилӣ нақши тақдирсозеро дошта бошад.

Ва чӣ зебо мегӯяд:

«Ту магӯ ҳама ба ҷанганду зи сулҳи ман чӣ ояд,

Ту яке неӣ, ҳазорӣ, ту чароғи худ барафрӯз»...

Инҷо Мавлоно мехоҳад бигӯяд, ки агар дар ҷое мебини, ки аксарият ба роҳи хатто мераванд напиндор, ки ту дар танҳоӣ ҳеҷ коре аз дастат барнамеояд,

ту бо хирад ва маърифат чароғи худро барафрӯз ва пас хоҳи дид, ки ту танхо нестӣ...

Инҷо бо иҷозати шумо азизон, суханамро бо чаҳор мисраъе ба анҷом мерасонам, ки худам зери таъсири андеша ва ашъори Мавлоно сурудаам ва онро ҳамчун арзи муҳаббат ба рӯҳи бузурги ӯ бахшидаам:

Он чӣ Мавлоно барои мо гуфт,

Роз буду бо забони ишқ гуфт.

Он чӣ мо дарёбем з-ин гавҳараш,

Синаҳоро пок созад ҷавҳараш.

Бо ҳамин умеду дуо, ки дилҳои мо аз ғаму андӯҳ пок ва саршор аз меҳру муҳаббат бошанд!

Еди Мавлонои бузург гиромӣ ва равонаш шод бод!