
“БАЗМИ МАВЛОНО” дар Вена
Қадаме барои ҳамбастагии фарҳангии мардуми форсизабон дар Утриш
Вена, 13 сентябри соли 2026.
Муҳоҷирони афғонӣ, тоҷик ва эронӣ, ки дар Утриш зиндагӣ мекунанд, дур аз ҳама нооромиҳои сиёсӣ, имрӯз дар шаҳри зебои Вена, зодрӯзи Мавлоно Ҷалолуддин Муҳаммади Балхиро дар як барномаи махсуси фарҳангӣ ҷашн гирифтанд.
Ин барнома бо талошҳои муштараки Маркази фарҳанг, ҳамгироӣ ва варзиши AKIS (AKIS), Анҷумани фарҳангии Тоҷикистон ва Утриш (ÖTK) ва диаспораи афғонҳо дар Аврупо ва бо ҳузури як гурӯҳ маорифпарварон, нависандагон, донишмандон ва мухлисони забон ва фарҳанги форсӣ баргузор шуд, ки фазои махсуси ҳамдардӣ ва ҳамбастагии фарҳангиро ба вуҷуд овард.
Барномаро Фарибо Нодирӣ ва Ҳусно Нодирӣ мизбонӣ карданд ва бо иҷрои қисматҳо бо забонҳои форсӣ ва олмонӣ оғоз ёфт. Иҷрои суруди "Дил мастӣ Порсӣ" дар баробари акси Ҷалоллиддини Румӣ, ки ташкилкунандагон онро бардошта ба саҳна оварданд, ифтитоҳи бошукуҳи ин барномаро оғоз бахшид.
Дар маросими ифтитоҳ, Ғавсиддини Мир, раиси Маркази фарҳанг, ҳамгироӣ ва варзиши AKIS ва муассиси маҷаллаи семоҳаи "Бону” - нашриёти андешаҳои занони афғон дар Аврупо, дар баробари Самира Тоҷикуддин аз Эрон, Абулхайр Тураев роҳбари Анҷумани фарҳангии Тоҷикистон ва Утриш (ÖTK) ва Саид Ризо Содот аз диаспораи афғонҳо дар Аврупо, суханронӣ карда, барномаро расман ифтитоҳ бахшиданд.
Бахшҳои суханронӣ ва фарҳангӣ
Баъд аз ин, нависанда ва муҳаққиқи боистеъдод Карими Эстилофӣ ҳамчун сухангӯи асосӣ дар бораи аҳамияти ҷашни зодрӯзи Румӣ ва ҷойгоҳи ӯ дар фазои тамаддунӣ ва фарҳангии мардуми форсизабон суханронӣ кард.
Пас аз ин, гурӯҳе аз шоирон, рассомон ва чеҳраҳои фарҳангӣ, аз ҷумла Кушон, Амин Ҳайдарӣ, Ҳалима Шакибо, Марзия Ҳайдарӣ, Оромиш, Самира Тоҷикуддин, оқои Ансорӣ аз Финландия, Муҳсинӣ, Маъсума Сафо ва Ҳомид Файзӣ бо шеър, суханронӣ ва намоишҳои бадеӣ, дар барнома ширкат карданд.
Бахши мусиқии маросим бо намоиши рақси “Само” аз ҷониби ҷаноби Юсуфӣ, суханрони ва рақси Муниса Мурсалзода ва иҷрои навои дилангези гурӯҳи дафнавозони эронӣ, бо роҳбарии Милод Сабурӣ, идома ёфт, ки аз ҷониби иштирокчиён гарм истиқбол ёфт.
Дар давоми барнома, иштирокчиён инчунин аз хӯрокҳои анъанавӣ лаззат бурданд ва то охири шаб дар фазои фарҳангӣ ва дӯстона бо ҳам буданд.
Баргузории аввалин панели забон ва фарҳанги форсӣ дар ин барнома
Яке аз қисматҳои муҳим ва фарқкунандаи “Базми Мавлоно” баргузории як баҳси панелӣ дар бораи забон, фарҳанг ва масъулияти фарҳангии форсизабонон буд, ки бори аввал дар чаҳорчӯби чунин барнома дар Утриш баргузор шуд.
Ин панел Ғавсиддин Мир, Самира Тоҷикуддин, Файзӣ, Мӯҳсенӣ ва Озармеҳр Юсуфиро бо ҳам овард ва баҳсро Саид Ризо Содот барандагӣ мекард. Дар ин ҷаласа, вазъи забони форсӣ, ҳифзи мероси фарҳангӣ ва нақши ҷомеаи форсизабонон дар Аврупо баррасӣ ва мубодила карда шуд.
Таъкид ба озодии фарҳангӣ ва масъулияти ҳифзи забони форсӣ
Дар охири барнома, дастандаркорони барнома аз ҳамаи ҳамкорон ва онҳое, ки дар ташкили “Базми Мавлоно” саҳм гузоштаанд, барои ҳамкорӣ ва талошҳояшон изҳори сипос кард.
Гуфтанист, ки ин аввалин гомест ба сӯи ваҳдат ва ҳамбастагии форсизабонони муқими Утриш. Дастгирии забон ва фарҳанги худ дар чаҳорчӯби озодиҳои шаҳрвандӣ ҳаққи ҳар як ҷомеа ва ҳар як шахс аст.
Инчунин таъкид шуд, ки дастгирии забони форсӣ ба ҳеҷ ваҷҳ маънои муқобилат бо забонҳо ва фарҳангҳои дигарро надорад, балки метавонад роҳро барои рақобати солим ва эътирофи мутақобила байни фарҳангҳо ҳамвор кунад.
Барнома ягон мансубияти сиёсӣ ё қавмиву мазҳабӣ, танҳо муаррифии фарҳанги бою ғании се кишвари тамаддуни форсист.
“Базми Мавлоно” оғози як ҳаракати фарҳангии худҷуш барои ҳифзи мероси форсӣ, забон ва фарҳанги суннатӣ аст.
Ин ҷо бояд такид кард, ки сарфи назар аз заминаи ғании фарҳангӣ ва адабии мо, фаъолиятҳои муташаккил ва муассир барои рушд ва ҳифзи забони форсӣ дар байни муҳоҷирини форсизабони Утриш ба қадри кофӣ сурат намегиранд.
Ҷашнвораи Мавлоно дар Вена бо ҳузури муштараки афғонҳо, тоҷикон ва эрониҳо нишон дод, ки забон ва фарҳанг метавонад заминае барои муколама, ҳамдардӣ, ҳамбастагӣ ва ҳамкорӣ байни ҷомеаҳои гуногун бошад.
Ташкилкунандагон изҳори умедворӣ карданд, ки ин барнома оғози ҳамкории васеътари фарҳангӣ байни мардуми форсизабон дар Аврупо хоҳад буд ва дар солҳои оянда бо ҳузури васеътари шахсиятҳои фарҳангӣ, донишмандон ва насли ҷавон идома хоҳад ёфт.